Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Май 8, 2013 13:38

Таркиши чархбол дар Афғонистон
 
Душанбе, 8 май .(АМИТ «Ховар»).- Тавре ки дар торномаи интернетии www.rbc.ru навишташудааст, дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳавопаймои боркаши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико суқут кард. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ҳавопаймои тамғаи «Боинг- 747-400» баъди чанд лаҳзаи парвоз аз пойгоҳи низомии Багром ба фалокат дучор омадааст. Дар ҷои ҳодиса 8 нафар аъзои сарнишин ба ҳалокат расида, чанд каси дигар ҷароҳатҳои вазнин бардошта, ба беморхонаи марказии шаҳр интиқол дода шудааст. Ҳукуматдорони Афғонистон ваъда доданд, ки дар пайи ҳамла дучори шикаст шудани ҳавопайморо истисно мекунанд. Аммо ҷангиёни Ҳаракати «Толибон» масъулияти ҳодисаро бар дўш нагирифтаанд. Вале ба гуфти мутахассисони соҳаи техникии кишвар сабаби фалокати ҳавопаймо нуқсони техникӣ ба шумор меравад. Баъди бархўрд ба замин ҳавопаймо оташ гирифта, ба ду қисм ҷудо шуд. Ҳавопаймо ба ширкати соҳавии «National Air Cargo»-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тааллуқ дорад.
Боришоти барфи зиёд дар Испания
 
Душанбе, 8 май .(АМИТ «Ховар»).-Тавре ки www.rg.ru менависад, дар Испания боридани барфи зиёд барои сокинон ва хоҷагии халқи мамлакат мушкилоти зиёд пеш овард. Дар 26 минтақаи кишвар чунин вазъияти номусоиди ҳаво ҳукумфармост. Қабати барф дар ин минтақаҳо аз 20 то 50 сантиметрро ташкил медиҳад. Бар асари боришоти зиёди барф ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳҳо қатъ гардидааст. Ба гуфти роҳбари БДА кишвар барои тоза кардани роҳҳо аз барфтўдаҳо кормандони Хадамоти коммуналӣ бо истифода аз техникаҳои махсус фаъолият мебаранд. Ҳавосанҷон чунин вазъи ҳаворо барои чанд рўзи дигар пешгўӣ мекунанд.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Май 8, 2013 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад