Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар»). – Сарвазири Британия Дэвид Кэмерон баъди гуфтушунид бо Президенти Амрико Барак Обама изҳор дошт, ки Британияи Кабир дар соли 2015 кӯмакро ба мухолифини Сурия дуҷанд хоҳад кард. Барак Обама дар навбати худ қайд намуд, ки ҷонибҳо фишорро ба режими ҳозираи Башор Асад вусъат мебахшанд.хххНомзадҳо ба президенти Академияи илмҳои Русия барномаҳои пешазинтихоботиашонро пешниҳод намуданд. Ба ин мансаб дорандаи ҷоизаи Нобел Жорес Алфёров, мутахассиси соҳаи физика Владимир Фортов, иқтисоддон Александр Некипелов ва президенти ҳозираи Академияи илмҳои Русия Юрий Осипов иддао доранд. Интихобот дар охири моҳи май баргузор мешавад. хххДар корхонаи кимиёвии яке аз ширкатҳои музофоти Вирҷинияи Ғарбии Амрико якчанд таркиш рух дод. Мувофиқи маълумоти васоити ахбори оммаи маҳаллӣ, бар асари ин ҳодиса чанд нафар осеб дидааст.хххЯк бадкирдоре, ки мувофиқи тахминот дар бинои раёсати шаҳри Уэстленди Амрико якчанд нафарро гаравгон карда буд, ҳабс шудааст. Мувофиқи маълумоти намояндагони идораи пулис, бар асари ин ҳодиса касе зарар надидааст. Тарҷумон Шарифов М.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






