Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Қатъномаи СММ нисбати СурияДушанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар»). – Имрӯз Директори генералии Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи ҳастаӣ Юкия Амо барои боздиди расмӣ ба Русия меояд. Мавсуф тайи сафари панҷрӯзааш масоили паҳн накардани аслиҳаи ҳастаӣ ва рушди энергетикаи атомиро мавриди муҳокима қарор медиҳад. хххДар Булғористон собиқ ҳизби «Шаҳрвандон ҷонибдори рушди Аврупоии Булғористон» — и ҳокимият дар интихоботи парлумон 30,54 фоизи овозҳоро ба даст оварда, пирӯз шуд. хххКӯҳнаварди машҳури Русия Алексей Болотов ҳангоми паймудани кӯҳи Эверест ҳалок гардид. Болотов бинобар канда шудани миёнбанд аз баландии 5600 метр ба ғор фурӯъ рафт. хххНатиҷаи фаъолияти вазирони корҳои хориҷии Олмону Русия тайи 20 – соли гузашта дар вазъияти ботантана ҷамъбаст гардид. Вазирон зимни ҷамъомад ба рушди созмонҳои фарҳангии ҳар ду кишвар, тиҷорати муштарак ва лоиҳаҳои марбут ба ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.хххАссамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз рӯи масъалаи Сурия қатънома қабул намуд, ки он режими президент Башор Асадро сахт маҳкум мекунад. Ба тарафдории матни ин ҳуҷҷат, ки онро Арабистони Саудӣ ва Қатар таҳия намудаанд, 107 кишвари аъзои Созмони Миллали Муттаҳид овоз доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






