Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Навгонӣ дар Брюссели Белгия Душанбе, 20 май .(АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Брюссели Белгия маркази махсусе таъсис дода шудааст, ки он ҷараёни ба амал омадани ҳар гуна ҳодисаҳои табиӣ ва техногениро дар тамоми ҷаҳон мушоҳида менамояд. Фаъолияти маркази мазкур аз 15 май оғоз шуд. Дар сурати ба амал омадани ягон ҳодисаи фавқулодда маркази мазкур ба Хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва наҷотдиҳӣ маълумоти фаврӣ медиҳад. Маркази мазкур на танҳо дар кишварҳои Аврупо, балки имкон дорад, ки дар дигар давлатҳои ҷаҳон амалиёти наҷотдиҳиву кўмакрасониро ба анҷом расонад. Сатҳи бекорӣ дар Франсия зиёд шудаастДушанбе, 20 май .(АМИТ «Ховар»).- Тибқи маълумоти Хадамоти омори «Евростат» дар семоҳаи аввали соли 2013-ум Маҷмўи маҳсулоти дохилии минтақаи евро то 0,2 дарсад коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки коршиносон кам шудани ҳаҷми Маҷмўи маҳсулоти дохилиро дар ин давра аз 0,1 то 0,9 дарсад пешгўӣ мекарданд. Шашумин семоҳа аст, ки поёнравии Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ дар ин минтақа ба назар мерасад. Чунин ҳолат ҳатто дар оғози буҳрони шадиди молӣ дар солҳои 2008-2009-ум ба мушоҳида нарасида буд. Дар охири соли равон Комиссияи Аврупо то 0,4 дарсад поёнравиро пешгўӣ мекунад. Дар семоҳаи аввали соли равон дар миёни кишварҳои аз ҷиҳати иқтисод пешрафтаи Аврупо танҳо Олмон тавонист семоҳаро бо мувафаққият паси сар созад. Ҷоизаи шоҳзода АстурискиДушанбе, 20 май .(АМИТ «Ховар»).- Ҷоизаи шоҳзода Астурискиро дар соҳаи иҷтимоӣ дар соли 2013-ум сотсиологи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико- Саския Сассен ба даст овард. Маросими ҷоизасупорӣ дар меҳмонхонаи «Реконкиста», воқеъ дар шаҳри Овйедо-маркази маъмурии вилояти Астурия баргузор гардид. Бояд гуфт, ки Саскиа Сассен профессори сотсиологияи Донишгоҳи Колумбия, узви академияи илмҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буда, дар мактаби иқтисодии шаҳри Лондони Британияи Кабир дарс меомўзад. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






