Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Май 22, 2013 12:15

Эълони (рӯйхати) номзадҳо ба интихоботи президентӣДушанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар»). – Шӯрои ҳомиёни Қонуни асосии Эрон рӯйхати нафаронеро эълон намуд, ки ба интихоботи президенти кишвар роҳ пайдо намудаанд. Мутахассиси барномаи ҳастаӣ Сайид Ҷалилӣ, вазирони собиқ, ҳамчунин мушовири Оятулло Ҳаменеӣ ва раиси шаҳри Теҳрон аз ҷумлаи 8 нафар номзадҳо ба мансаби президент мебошанд.хххНамояндаи расмии Қасри Сафед Ҷей Карни зимни посух ба савол дар мавриди нисбат ба Сурия кор фармудани қувваи ҳарбӣ изҳор дошт, ки маъмурияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамаи усулҳои ҳалли ихтилофоти Сурияро баррасӣ намуда, вале бо роҳи сиёсӣ аз байн бурдани бӯҳронро қобили қабул мешуморад. хххБар асари таркиши газ дар яке аз биноҳои истиқоматии шаҳри Иркутски Федератсияи Русия сӯхтор ба амал омада, 4 нафар осеб дидааст. хххСобиқ раиси ҳукумати Гурҷистон Вано Мерабишвили бо айбдоркунӣ аз рӯи се модда дастгир шудааст. Ин сиёсатмадор ба ришва додан ба интихобкунандагон, аз худ кардани маблағ ва сӯйистеъмол аз ваколатҳояш гумон бурда мешавад.

Май 22, 2013 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд