Чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Иди Ғалаба
Душанбе,8 май. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат)-Пагоҳ,9-уми май бахшида ба Иди Ғалаба дар тамоми марказҳои фарҳангии пойтахт чорабинии идона гузаронида мешавад.Ҳамчунин дар назар аст, ки бахшида ба ин рӯз бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар боғи Ғалаба маросими гулчанбаргузорӣ баргузор шавад.Тавре ки дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд, тибқи қарори шаҳрдорӣ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 68-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар тамоми марказҳои фарҳангии пойтахт маъракаҳои фарҳангиву маърифатӣ, оммавию варзишӣ баргузор хоҳанд шуд.Гуфта мешавад дар ин рӯз дар боғҳои Дӯстии халқҳо, Айнӣ, Кӯли ҷавонон ва майдони 800-солагии Маскав чорабиниҳои фарҳангӣ барпо мегарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






