Дар пойтахт даҳаи ҷавонон гузаронида мешавад
Душанбе, 2 май.(АМИТ “Ховар”,Марзия Саидова).-Аз 14 то 23 май дар пойтахт –шаҳри Душанбе даҳаи ҷавонон гузаронида мешавад. Дар ин бора раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори марбута ба имзо расонд. Даҳаи ҷавонон дар пойтахт дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонон гузаронида шуда, ҳадафаш татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи ватанпарастӣ, дар сатҳи баланди ғоявию фарҳангӣ ва илмиву маърифатӣ истиқбол намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аст. Дар робита ба ин нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи шаҳрдорӣ тасдиқ шудааст, ки тибқи он аз тамоми роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ хоҳиш шудааст, ки барои муташаккилона сафарбар намудани ҷавонон ба маъракаи ободонӣ, тозагии муҳити зист ва ҷойҳои истироҳативу ҷамъиятӣ рӯзҳои ҳашари умумишаҳрии ҷавонони шаҳри Душанберо ташкил намоянд. Инчунин раисони чор ноҳияи пойтахт муваззаф гардидаанд, ки барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани маъракаҳои фарҳангиву маърифатӣ, оммавию варзишӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию варзиширо дар боғҳои Дӯстии халқҳо, Айнӣ, Кӯли ҷавонон ва майдони 800-солагии Маскав аз соати 18 00 то 20 00 рӯзи 23 май доир намоянд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






