Даргузашти Лутфӣ Кабирова
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).-Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андуҳи гарон хабар медиҳад, ки шаби 19 майи соли 2013 Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шуравӣ Лутфӣ Кабирова аз олам даргузашт.Лутфӣ Кабирова -ҳунарпешаи опера(сопранои лирикӣ-драмавӣ), Ҳунарманди Мардумии СССР(1977) 07 октябри соли 1932 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Соли 1949 омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе ва соли 1954 Консерваторияи Маскавро хатм намудааст. Аз соли 1954 ба ҳайси артистка дар Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ фаъолият намудааст.Дар операҳои тоҷикӣ як силсила образҳои хуб офаридааст: Нисо («Бахтиёр ва Нисо»-и С. Баласанян), Гулрӯ («Пӯлод ва Гулрӯ»-и Ш. Сайфиддинов), Сурма («Домоди номдор»-и С. Урбах), Малоҳат («Бозгашт»-и Ё. Сабзанов). Дар операҳои классикии русу ғарб ва советӣ низ партияҳои мураккабро иҷро намудааст. Дар барномаҳои консертиаш ария, операҳо ва сурудҳои оҳангсозони тоҷик, рус ва дигар халқҳо ҷой дошт.Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо ва Грамотаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Хотираи неки Лутфӣ Кабирова дар дили дӯстдорони санъати тоҷик ҳамеша зинда хоҳад монд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






