Дарёфти маводи нашъаовар ба миқдори махсусан калон
Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар»,Лутфия Эшонқулова).-Кормандони Вазорати корҳои дохилии ҶТ миқдори махсусан калони маводи нашъаоварро дарёфт намуданд.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, рӯзи 7 май ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбачаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ШВКД дар ноҳияи Шӯрообод, дар ҳудуди мавзеи Шоҳони ноҳияи мазкур 50 килою 340 грамм маводи нашъадори навъи бангдона дарёфт шуд. Барои дастгир кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани нашъаҷаллобон чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ идома доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






