Дастовардҳои ҷавонони даврони истиқлол
Кӯлоб, 16 май. (АМИТ «Ховар», Ф.Мадаминов). – Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат бо ҷавонон ва дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ, илмиву маърифатӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Кумитаи ҷавонони минтақаи Кӯлоб чорабиниҳои гуногун доир мешаванд. Ҳафтаи ҷавонон аз 17 то 23 май таҳти унвони «Ҷавонон ояндаи миллат» бо силсилаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишиву фарҳангӣ барпо мегардад. Дар доираи он вохӯриҳо бо донишҷӯёни дорои квотаи Президентӣ, бепарасторон ва маъюбон, раисони ноҳияҳои минтақа, тарғибу ташфиқи ҳафтаи ҷавонон тавассути васоити ахбори умум, дави миллӣ, экскурсияи ҷавонон ба мавзеъҳои таърихӣ, конфронс дар мавзӯи «Дастовардҳои даврони истиқлол» мусобиқаҳои варзишӣ бо иштироки варзишгарони минтақа, барномаҳои фарҳангӣ ва ҳарбию ватандӯстӣ, рӯзҳои дарҳои кушод дар донишкадаҳо ва коллеҷҳои таълимӣ доир мегарданд. Кумитаи ҷавонон кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки чорабинӣ дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ гузарад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






