Донишҷӯ ҳангоми оббозӣ ғарқ шуд
Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Донишҷӯи бахши 4-уми Донишкадаи энергетикии шаҳри Қӯрғонтеппа Зикрулло Табарови 22- сола, 16 май аз беэҳтиётӣ ҳангоми оббозӣ дар канали Ҷайҳун ғарқ мешавад. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, ҳайати шахсии Ситоди вилояти Хатлон баъди гирифтани хабар ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ба корҳои ҷўстуҷўӣ машғул гардид. Қобили қайд аст, ки ҳайати шахсии Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон бо сардории капитан Ҳотамшо Шарифов корҳои ҷустуҷўиро то ҳол давом дода истодаанд. Бо дарёфт намудани ҷасади номбурда, маълумоти иловагӣ пешниҳод карда мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






