Донишҷўён дастгирӣ меёбанд
Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Дар доираи ҳафтаи ҷавонон 17-уми май дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ мулоқоти намояндагони мақомоти иҷроияи ноҳияи Рашт бо донишҷўдухтарони макотиби олӣ аз ноҳияи мазкур, ки тибқи квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд, доир гардид. Дар ин ҷамъомад муовини раиси ноҳияи Рашт З.Лоиқова, намояндаи Вазорати маориф А.Ёров, намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ.Нуров ва намояндагони донишгоҳҳои пойтахт ширкат варзиданд. Тавре котиби матбуотии Донишгоҳи омўзгорӣ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, З.Лоиқова, муовини раиси ноҳияи Рашт, зимни суханронии хеш аз толибимон тақозо намуд, ки технологияи муосир ва забонҳои хориҷиро ҳатман ба хубӣ омўзанд. Зеро маҳз дар ин сурат метавон дар рушду тарақии давлату миллат саҳми босазо гузошт.Дар такя бар гуфтаи ў, шумораи ҷавонони ноҳияи Рашт 35 ҳазорро ташкил медиҳад ва аз ин теъдод 71 нафар тибқи квотаи Президентӣ дар муассисаҳои олӣ таҳсил менамоянд. З.Лоиқова, ҳамзамон, аз толибилмон даъват ба амал овард, ки нисбат ба ғамхориҳои давлату ҳукумати мамлакат, хоса, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бепарво набуда, бо хониши хубу аъло ба онҳо посух гардонанд. З.Лоиқова таъкид дошт, ки ноҳия ба кадрҳои баландихтисос ниёзманд аст ва ҳатман хатмкардагон бо ҷои кор ва маоши дилхоҳ таъмин хоҳанд шуд. А.Ёров, намояндаи Вазорати маориф, аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бархе аз донишҷўёни тибқи квота таҳсилмекарда дониши кофӣ надоранд, қоидаҳои дохилидонишгоҳиро риоя намекунанд ва дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат намеварзанд. Ҳол он ки ҳукумати ҷумҳурӣ ба онҳо имтиёзҳои зиёде дода, тамоми шароитро фароҳам овардааст.Дар фарҷом ба донишҷўдухтарон ифтихорнома ва як миқдор маблағ тақдим гардид.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






