Дурнамои сиёсати давлатии ҷавонон дар кишварҳои ИДМ
Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд як силсила корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла таъсиси стипендияҳо, ҷоизҳо, маҳфилҳои гуногун гувоҳи ин гуфтаҳост. Таъсиси шӯроҳои олимони ҷавон, аспирантон ва донишҷӯён дар пешбурди фаъолияти илмию амалии толибилмон судманд аст.Бо ин мақсад дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи ҷавонон 18 майи соли 2013 дар толори МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» конфронси байналмилалии олимони ҷавон таҳти унвони «Сиёсати давлатии ҷавонон дар кишварҳои ИДМ: ҳолат ва дурнамо» бо иштироки 120 нафар ҳайати намояндагони олимони ҷавони муассисаҳои олии илмию таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони олимони ҷавони ИДМ доир мегардад.Конфронс ба се бахш: илмҳои ҷомеашиносӣ, дақиқ ва биологияю тиб тақсим шуда, 120 маърӯза мавриди баҳсу андешаронӣ қарор мегирад ва беҳтаринҳо сазовори диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ мегарданд. Маҷмӯи маърӯзаҳои илмию амалии олимони ҷавон таҳти унвони «Ҷавонон ва илми муосир» бо фарогирии 95 мақолаи илмӣ интишор шуда, дар конфронс дастраси иштирокчиёни чорабинӣ хоҳад гардид. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори Раёсати кор бо ҷавонони кумитаи мазкур Носир Бӯриев иттилоъ дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






