Э. Раҳмон: «Вазифаи шумо ҳарчи бештар омӯхтани донишҳои замонавист»

Май 15, 2013 11:39

Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз литсей – интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал овард. Дар даромадгоҳи ин муассисаи таълимӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро муҳассилин бо хушнудӣ ва шеърхониву кафкӯбиҳои зиёд истиқбол намуданд. Нахуст, Президенти кишвар аз якчанд синфхонаҳои ин муассисаи таълимӣ дидан намуда, бо хонандагони он аз надик суҳбат орост. Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз Маркази тестии литсей-интернат бо шароити ин марказ аз наздид ошно гардида, ба толибилмон ҷиҳати аз худ кардани ҳар чи бештари донишҳои замонавӣ маслиҳатҳо дод. Тавре ки иттилоъ дода шуд, дар ин марказ тамоми шароитҳои таҳсил муҳайё буда, бо истифода аз технологияи муоосири мавҷуда муҳассилин метавонанд дар баробари истифода аз шабакаи умумиҷаҳонии интернет ва мутолиаи китобҳои электронӣ, инчунин дар олимпиадаҳо байналмилалии фосилавӣ ширкат варзанд.  Сарвари давлат дар маҳфили илмию математикии хонандагони литсей иштирок намуда, таъкидан иброз дошт, ки бояд хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ диққати ҳамаҷониба диҳанд, то дар оянда ҳамчун мутахассисони касбӣ ба воя расида, ҷиҳати эъмори давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон саҳм бигиранд. Эмомалӣ Раҳмон аз синфхонаи забони модарии литсей- интернат дидан намуда, муҳассилинро ба омӯзиши ҷиддӣ, эҳтиром ва бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ҳидоят намуд. Ҳамчунин Президенти кишвар аз толори варзишӣ, толори «Ғунчаҳои литсей», синфхонаҳои физика, химия ва биология ва утоқҳои «Дастони моҳир», ки дар он намунаи дастовардҳои толибилмони литсей- интернат ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуд. Дар охир Сарвари давлат дар ҳузури муҳассилин, устодон ва хонандагони литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, хонандагонро ба касби илмҳои замона, омӯзиши зобнҳои хориҷӣ ва одобу ахлоқи намуна ҳидоят намуд.

Май 15, 2013 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд