Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии мудирони БИР иштирок хоҳад кард
Душанбе, 19 май. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дар доираи баргузории вохӯрии солонаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки Исломии Рушд имрӯз дар «Кохи Сомон»-и Бӯстонсарои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Гуруҳи БИР Аҳмад Муҳаммад Алӣ ҷаласаҳои 290-уми Шӯрои мудирони БИР баргузор гардид. Дар оғози ҷаласа раиси Гуруҳи Бонки Исломии Рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ барои таъмини шароити лозима ҷиҳати баргузории вохӯрии солонаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки Исломии Рушд дар Тоҷикистон ба роҳбарият, масъулин ва халқи тоҷик арзи сипос намуд. Зикр гардид, ки вохӯрии солонаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки Исломии Рушд рӯзи сешанбе, 21-уми май бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазирони молия, иқтисод ва тарҳрезии кишварҳои аъзо расман оғоз хоҳад шуд. Аҳмад Муҳаммад Алӣ ба сатҳи ҳамкориҳои пайвастаи Тоҷикистон бо БИР баҳо баланд дода, изҳори итминон намуд, ки ин ҳамкориҳо дар оянда ба нафъи ҷонибҳо рушд хоҳанд кард. Гуфта шуд, дар вохӯрии навбатии Шӯрои мудирони Бонки Исломии Рушд як қатор масоили идориву техникӣ, аз ҷумла маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои амалишавандаи кишварҳои аъзо, ҷомеаи мусулмонон ва кишварҳои ғайри аъзо мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






