Эстония ҷонибдори таҳкими муносибот бо Тоҷикистон аст
Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Субҳи имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Эстония Андрус Ансип бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Мувофиқи муқаррароти сафарҳои расмӣ меҳмони олиқадрро дар саҳни бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов истиқбол гирифт.Худи ҳамин рӯз мулоқоти хоссаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Сарвазири Ҷумҳурии Эстония Андрус Ансип доир шуд. Баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эстония баъдан дар гуфтушуниди ҳайатҳои васеи ҷонибҳо ҷараён гирифт.Оқил Оқилов ташрифи расмии Сарвазири Ҷумҳурии Эстония Андрус Ансипро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони олии таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти давлату ҳукумати Эстония ба рушди муносибатҳои байнидавлатию байниҳукуматӣ бо кишвари мо арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ кард, ки сафари мазкур дар раванди таҳкиму тавсеаи робитаҳои дуҷониба нақши арзанда хоҳад гузошт.Тавре ки таъкид шуд, заминаҳои рушди ҳамгироиҳои байниҳукуматӣ дар ҳар ду давлат фароҳам буда, истифодаи пурраи имконоту иқтидорҳои мавҷуда дар оянда рушди бемайлони робитаҳои байниҳамдигариро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, кишоварзӣ, нақлиёт, технологияи иттилоотӣ ва илму фарҳанг таъмин хоҳад кард. Сарвазири Ҷумҳурии Эстония Андрус Ансип бо қаноатмандӣ аз ҷараёни нахустин сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки Эстония ҷонибдори таҳкими бештари муносибатҳои гуногунҷабҳа бо Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои дар оянда ба сатҳу сифати наву боэътимод расонидани ҳамкориҳои байнидавлатию байниҳукуматӣ ҳавасмандӣ зоҳир менамояд. Зимни баргузории нишасти хабарӣ оид ба натиҷаҳои музокироти ҳайатҳои ҳукуматии ду давлат Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ва Сарвазири Ҷумҳурии Эстония Андрус Ансип дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма изҳороти муфассали матбуотӣ намуданд. Сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Эстония Андрус Ансип ба Ҷумҳурии Тоҷикистон то 08-уми майи соли равон идома меёбад. Мувофиқи барномаи сафар меҳмони олиқадр ҳамзамон дар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Эстония иштирок намуда аз Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






