Фаъолияти босамари АМСХМ ҶТ дар минтақаҳои Хатлон
Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дирӯз Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон (АМСХМ ҶТ) натиҷаи думоҳаи лоиҳаи «Баланд бардоштани иқтидори иттиҳодияҳои ҷамъиятии вилояти Хатлон аз тариқи таҷрибаи АМСХМ ҶТ»-ро дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ҷамъбаст намуд. Зимни баррасии лоиҳаи ассотсиатсия, ки роҳбарии онро Маҳбуба Улҷабоева ба уҳда дорад, аз натиҷаҳои фаъолияти семоҳаи худ дар минтақаи Хатлон гузориш дод.Зикр шуд, ки дар тӯли се моҳи дар минтақаи Кӯлоб ва дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои омӯзишиву ихтисосӣ гузаронидан он дар баробари самараи хуб додан мушкилӣ ҳам доштааст. Ёдрас мешавем, ки Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон (АМСХМ ҶТ) аз моҳи март то моҳи майи соли ҷорӣ лоиҳаи «Баланд бардоштани иқтидори иттиҳодияҳои ҷамъиятии вилояти Хатлон аз тариқи таҷрибаи АМСХМ ҶТ»-ро амалӣ намуд. Лоиҳа аз ҷониби ташкилоти хайриявии ғайридавлатии OXFAM маблағгузорӣ шуд. Ҳадафи асосии лоиҳа аз имплементатсияи таҷрибаи АМСХМ ҶТ аз тариқи баланд бардоштани иқтидори иттиҳодияҳои ҷамъиятии вилояти Хатлон дар самтҳои ташкилотӣ, тиҷоратӣ ва идоракунӣ иборат мебошад.Дар амалӣ сохтани лоиҳа ассотсиатсия барои иштирок коршинос аз Қазоқистон ва инчунин тренерҳои касбии Тоҷикистонро ҷалб кард, Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон ташкилоти ғайридавлатӣ, ғайритиҷоратӣ ва аъзогӣ буда, сохторҳои соҳибкориро ихтиёран муттаҳид мекунад ва аз соли 1993 дар сатҳи миллӣ фаъолият дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






