Фестивал- симпозиуми байналмилалии «Шашмақом»
Душанбе, 10 май. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- Имрӯз дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи расмии Фестивал – симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» баргузор мегардад. Дар он ҳунармандон аз Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Чин, Эрон , Покистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон ширкат меварзанд. Ташаббускорони фестивали мазкур Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Маросими хатми фестивал дар толори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ рӯзи 12- уми майи соли ҷорӣ доир мегардад. Ёдрас мешавем, ки аз 12- уми майи соли 2000- ум инҷониб ҳамасола ин рӯз бо Фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рӯзи «Шашмақом» дар ҷумҳурӣ таҷлил мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






