Футболбозони наврас ба Сочи мераванд
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар»). – 22 май футболбозони навраси Тоҷикистон барои иштирок дар даври охирини Мусобиқоти байни тарбиягирандагони хонаҳои бачаҳо ва мактаб – интернатҳо барои дарёфти Ҷоми «Оянда вобаста ба шумост» ба шаҳри Сочи мераванд.Дар даври хотимавии мусобиқот, ки дар Тоҷикистон баргузор гардид, 16 дастаи интернатҳои ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Шаҳринав ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Мусобиқот оид ба футбол байни дастаҳои хонаҳои бачаҳо ва мактаб – интернатҳо аз соли 2005 инҷониб баргузор мешавад. Соли 2010 варзишгарони ҷавони Тоҷикистон бори нахуст ба даври хотимавии мусобиқоти Русия баромада, ҷойи панҷумро ишғол намуда буданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






