Футболозони тоҷик дар Қувайт тамрин мекунанд
Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Дастаи мунтахаби футболбозони ҷавони Тоҷикистон (U-19) давраи омодагии худро ба сабқати интихобии қаҳрамони Осиё дар Қувайт мегузаронад.Дар ин бора Федератсияи футболи кишвар хабар дода гуфтааст, ки ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров сурат гирифта,ҳамчунин футболбозони ҷавони тоҷик дар меҳмонӣ бо дастаи “Ал Қувайт” ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳанд. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё шомили гуруҳи «D» буда, тирамоҳи соли ҷорӣ дар Теҳрон бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Лубнон ва Эрон вориди сабқат мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






