Гузаргоҳҳои зеризаминӣ ба иҷора дода мешаванд
Душанбе, 29 май.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Шаҳрдории Душанбе ҷиҳати истифодаи самараноки гузаргоҳҳои таҷдидшавандаи пойтахт тадбирҳои мушахаас меандешад. Дар робита ба ин барои ташкили хизматрасониҳо дар гузаргоҳҳои зеризаминии таҷдидшавандаи пойтахт Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи шаҳр муваззаф шудааст, ки барои фурӯши маводи чопию конселярӣ, туҳфаҳо, гул, маҳсулоти ширӣ, мубодилаи асъор ва мусаввараҳои рассомони ватанӣ ва ташкили гӯшаҳои расмкашӣ гузаргоҳҳои таҷдидшударо ба иҷора диҳанд. Алҳол дар пойтахт беш аз даҳ гузаргоҳи зеризаминӣ вуҷуд дорад, ки бештарашон дар замони собиқ шӯравӣ бунёд шудаву бархеи дигар дар замони истиқлолият таҷдиду навсозӣ шудаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






