Хадамоти алоқа: «Танқид бояд асоснок бошад»

Май 17, 2013 11:22

Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар»).- Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мақола бо иштироки масъулони хадамот ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ карда шуд. Дар масъалаи пулҳои гирифтаи Зокирова Анора Иброимҷоновна Зокирова А.И бо мактуби расмӣ ба муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсия оид ба гирифтани қарз муроҷиат кардааст, вале Зуҳуров Бег Сабурович дар болои мактуб навиштааст, ки мувофиқи қонунҳои амалкунанда танҳо вазир ҳуқуқи иҷозат додан барои масраф аз ҳисобҳои ҷориро дорад. А. Зокирова бо сардори корхонаи зертобеаш КВД «Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг» бо бастани шартномаи дутарафа оид ба баргардонидани маблағи қарзии дарозмуддат барои хариди манзили истиқоматӣ ин амалро ба иҷро расонидааст ва маблағҳои гирифтааш баъд аз ғайриқонунӣ донистанашон аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба корхона баргардонида шуданд. Оид ба он, ки Зокирова бо пулҳои гирифтааш ба Ўзбекистон рафтааст ва пулҳо ба манфиати Ўзбекистон истифода шудаанд, ин аз воқеият дур аст ва ягон асоси воқеии тасдиқкунанда надорад.Оид ба тафтиши ҶСК «Тоҷиктелеком» ҳаминро бояд гуфт, ки дар ҳақиқат соли 2009-ум аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия тафтиш гузаронида шуд ва дар вақти тафтиш ба гуфтаи С. Табаров на 3 миллион сомонӣ, балки 3672,3 сомонӣ буд ва дар давоми тафтиш ин маблағ пурра ба хазинаи ҶСК «Тоҷиктелеком» ва буҷаи давлат пардохт шуд. Ин ҳама маълумотҳо дар хулосаи санҷиши Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дарҷ шудаанд, ки аз ҳисоби хусусигардонии хонаҳои истиқоматӣ 1130,2 сомонӣ, истифодаи тарифҳо байни ҶСК «Тоҷиктелеком» ва ширкатҳои мобилӣ 1924,4 сомонӣ ва аз ин ҳисоб андозҳо ба маблағи 532,2 сомонӣ сомонӣ ҳисобӣ шудаанд, вале он замон Зуҳуров Бег Сабурович ҳамчун муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсия аз ҳисоби тақсими сохторҳои вазорат ҳуқуқи дахолат карданро надошт. Оид ба аз ҳисоби ҶСК «Тоҷиктелеком» насб намудани 1-миллион телефони хонагӣ ба оилаҳои эҳтиёҷманди кишвар мувофиқи иҷрои банди 27-уми қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи аввал ба оилаҳои камбизоати ноҳияҳои дурдасти кишварамон 173 ҳазор телефони хонагӣ насб карда шуд, дар дигар ноҳияҳо ва марказҳои щаҳру навоҳии кишвар истгоҳҳо барои насби телефонҳо тайёр карда шуда, барои насб омодаанд ва дар рўзҳои наздик ба оилаҳои ниёзманд пайваст мешаванд. Имрўз ноҳияҳои дурдасти кишварамон бо алоқа таъмин шудаанд, аз ҷумла дар ноҳияи Мастчоҳи Куҳӣ 130 адад телефони хонагӣ, дар ноҳияи Роштқалъа, деҳоти Сеҷ- 45 адад, дар Ишкошим- деҳаҳои Яхшвол, Қозидеҳ, Мавлоҷ, Баршор, Сумҷин, Авҷ-140 адад, дар Мурғоб- деҳоти Аличур -як адад истгоҳ аз ширкати «Мегафон Тоҷикистон» насб карда шуда, ба истифода дода шудааст ва бо рамзи «36»-77 адад ва 20 адад телефон дар Башгумбези Аличур аз ширкати «Тоҷик Мобайл» ба мардум дастрас гардида, хизмат расонида истодааст.Дар масъалаи хати транзитии байни Афғонистону Тоҷикистон ягон хел монеа аз тарафи Зуҳуров Бег Сабурович набуд ва маслиҳат бо Зокирова А, баръакс ин лоиҳа пурра амалӣ шудааст, аз тарафи ҶСК «Тоҷиктелеком» дар асоси шартномаи тарафайн байни ҶСК «Тоҷиктелеком» ва «Афғонтелеком» санаи 20.04.2009с., аз тариқи хати нахӣ-нурӣ пайваст шуд, ҳамзамон санаи 21.10.2009с., корҳои тестӣ гузаронида шуда, то инҷониб фаъолияти худро идома дода истодаанд. Мувофиқи моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи алоқаи барқӣ танҳо оператори миллӣ пайвасти байналмилалиро аз худ карда буд ва ягон монеа барои пайвастшавии операторони мобилӣ бо истифода аз хати нурии ҶСК «Тоҷиктелеком» арзи вуҷуд надошт. Имрўз ҳам операторони мобилии кишвар метавонанд бо тариқи истифодаи каналҳои ҶСК «Тоҷиктелеком» бо Афғонистон пайваст шаванд.Хуб мешуд агар намояндагони Васоити ахбори омма пеш аз он ки ягон шахсият ё корхонаву идораро зери танқид гиранд, беҳтар мебуд аввал бо онҳо ҳамсуҳбат мешуданд, дар он сурат туҳмату буҳтонҳо аз байн мерафтанд. Маркази матбуоти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 17, 2013 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад