Хати интиқоли барқ ба Афғонистон ба кор медарояд
Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар»). – Ҳукуматҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Норвегия зимни ҳамкорӣ бо Созмони рушди Оғохон дар вулусволии Ишкошими Афғонистон хати интиқоли барқро мекушоянд.Тавре ки аз Созмони рушди Оғохон хабар доданд, чанде пеш ин хати нави интиқоли барқ мавриди истифода қарор гирифт, ки он имконияти аз Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол додани нерӯи барқро фароҳам меорад.Хати нави интиқоли барқ, ки бо қарзи бебозгашти Ҳукумати Норвегия бо ҳамкории Бунёди Оғохон ва ширкати «Помир Энерҷӣ» — и Шоҳигарии Инглистон бунёд гардидааст, на фақат иқтидори истеҳсолиро дар ҳудуди ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон афзун менамояд, балки беш аз 800 хонавода, муассисаҳои тандурустӣ, мактабҳо ва муассисаҳои ҳукуматии музофоти Султони Ишкошими Афғонистонро низ бо нерӯи барқ таъмин мекунад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






