Хоҷагидории биологӣ ба танзим дароварда мешавад
Душанбе, 13 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар ояндаи наздик палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни нав- «Дар бораи хоҷагидории биологӣ» -ро қабул хоҳад кард. Лоиҳаи қонуни мазкур 13 май зимни баргузории ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардид. Лоиҳаи қонун «Дар бораи хоҷагидории биологӣ» аз 15 боб ва 15 модда иборат буда, бо мақсади тавъам намудани рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти экологӣ ва дар ҳамбастагӣ мусоидат намудан ба таъмини амнияти озуқаворӣ таҳия гардидааст. Муқаррароти қонуни мазкур ба муносибатҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла истеҳсол, коркард, нигоҳ доштан, ҳамлу нақл, борпечонӣ, фурӯш, воридот ва сертификатонии маҳсулоти биологӣ алоқаманд аст. Вакилони Маҷлиси намояндагон Саиди Ёқубзод, Олимҷон Сафаров ва Маҳмадамин Ҳисориев муаллифони лоиҳаи қонун мебошанд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






