Хонандагон соҳиби касб мегарданд

Май 3, 2013 10:15

Кӯлоб, 3 май. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Тибқи дастуру супоришҳои Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати маориф роҳбарияти литсеи касбию техникии рақами 16 – и ноҳияи Восеъ баҳри баланд бардоштани сифати таълим, омода намудани кадрҳои баландихтисоси рақобатпазир дар бозори меҳнат, такмили корҳои таълимӣ ва дигар равандҳои соҳаи таҳсилоти касбӣ барномаи махсуси корӣ таҳия намуданд. Бинобар иттилои директори литсей Абдуғаффор Одинаев дар соли хониши 2012 – 2013 зиёда аз 305 нафар хонанда дар гуруҳҳои рӯзона ва 194 нафар дар гуруҳи ғоибона ба омӯзиш фаро гирифта шуд, ки 70 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд. Ба хонандагон ихтисосҳои кафшергарӣ, барқчӣ, дӯзандагӣ ва дигар касбҳои гуногун омӯзонида шуда, дар ин давра 21 нафар хонанда баъди хатми литсей ба мактабҳои олии кишвар дохил шуда, қисми дигари он бо диплом ва шаҳодатномаи тахассусӣ таъмин гардиданд. Мавриди зикр аст, ки дар раванди таҳсил ба хонандагон 36 нафар омӯзгорон ва устоҳои таълимӣ дарс гуфта, таҷриба меомӯзонанд.Соли сипаригардида 174 нафар литсеи касбию техникиро хатм карда, дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд.

Май 3, 2013 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад