Иқдоми ҲХДТ ба пешвози Рӯзи ҷавонон
Душанбе, 10 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Пагоҳ, 11 май бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, ташкилотҳои ҳизбии ноҳияҳои Исмоили Сомониву Шоҳмансур ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ба пешвози Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Душанбе аксияи «Насли созанда» баргузор мегардад. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ аксияи мазкур тибқи дастури раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев амалӣ гардида, дар доираи он баргузории мусобиқаҳои варзишӣ, озмунҳо, барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохта дар назар аст. Макони баргузории чорабиниҳо боғи фарҳангию фароғатии Садриддин Айнӣ (соати 9-30) ва боғи Роҳиоҳанчиён (соати 10-30) муайян шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






