Имзои созишнома байни ДМТ ва Донишгоҳи Доугавпилс
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳмаюсуф Имомов бо ректори Донишгоҳи Доугавпилси Латвия Арвид Баршевскис мулоқот кард. Гуфта мешавад Баршевскис ҳамчунин академики Академияи илмҳои Латвия ва Раиси шӯрои ректорони макотиби олии ин кишвар буда, дар суҳбат бо Ректори ДМТ масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои илму маориф ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи иқтисоди ду кишварро мавриди баррасӣ қарор додааст. Дар анҷоми суҳбат байни Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи Доугавпилс созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






