Имзои созишномаи мусоидаткунанда ба таъмини бехатарии парвозҳо
Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 30-юми апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе созишномаи грантӣ ҷиҳати амалисозии лоиҳаи сармоягузории «Барномаи таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии техникии аэродроми фурудгоҳи Хуҷанд» баргузор гардид. Ба созишномаи мазккур раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ва роҳбари намояндагии Бонки таҷдид ва рушди Аврупо дар Тоҷикистон Улф Хиндстром имзо гузоштанд.Аз маркази матбуоти Кумитаи сармоягузорӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин раванд имконият медиҳад, ки дар давоми солҳои 2013-2014 сохтмони қубури обравӣ, харидорӣ ва насби чароғҳои шуоафканиашон баланд, муосиргардонии таҷҳизоти радиоӣ ва дигар корҳои аэродромӣ амалӣ шаванд. Иҷрои корҳои мазкур имкон медиҳад, ки сатҳи таъмини бехатарии парвозҳо то андозае баланд гардида, таъсири ҳолатҳо вобаста ба обу ҳаво кам ва имкониятҳои истифодаи фурудгоҳ оид ба қабул ва гусели ҳавопаймоҳо васеъ шаванд. Ёдовар мешавем, ки барномаи сармоягузории Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» барои солҳои 2011-2015 бо назардошти ҳолати кунунии фурудгоҳи Хуҷанд таҳия гардида, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дастгирӣ ёфтааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






