Иштироки донишҷӯёни лаёқатманд дар Бозиҳои Делфӣ
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Аз санаи 16 то 21 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Навосибирски Федератсияи Русия Бозиҳои Делфӣ бо иштироки ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегарданд.Дар чорабинии мазкур ҳайати иштирокчиёну намояндагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии cардори гуруҳ М. Амиров, мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишҷӯёни лаёқатманди мактабҳои миёнаи мусиқӣ, рассомӣ ва студияи сирки давлатӣ иштирок менамоянд. Чорабинии мазкур ҳамчун Форуми олии ҳунар барои рушди фарҳангҳои миллӣ, афзоиши мероси фарҳангӣ, муколамаи байни фарҳангии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинии фарҳангии ҷавонон равона шудааст.Ин чорабинӣ ҳамасола бо дастгирии бевоситаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳрҳои мухталиф баргузор мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, дар муаррифии кишвари азизамон саҳм мегузоранд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






