Иштироки М. Маҳмадаминов дар конфронси байналмилалӣ

Май 8, 2013 15:15

Душанбе, 8 май (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).-Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов бо ташаббус ва дастгирии Хазинаи таҳсилоти Аврупо (ХТА) дар Конфронси байналмилалии «Ҷараёни Туринӣ», ки рўзҳои 8-9 майи соли равон дар шаҳри Турини Италия баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард.  «Ҷараёни Туринӣ» баҳодиҳии сиёсати маълумоти касбӣ ва таълимии кишварҳои шарики ХТА-ро дар асоси маълумоти дақиқ дар бар гирифта, чунин баҳодиҳӣ дар як сол ду маротиба бо иштироки фаъоли кишварҳои шарик аз қисмати Ғарбии Балкан, Ғарбии Туркия, қисмати Шарқию Ҷанубии баҳри Миёназамин, Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ барпо мешавад. Дар конфронси мазкур иштироки 250 нафар намояндагони сатҳи баланд, аз ҷумла вазирон ва таҳиякунандагони сиёсати кишварҳои узви Хазинаи таҳсилоти Аврупо, Иттиҳоди Аврупо ва коршиносони байналмилалӣ дар назар дошта шудааст.

Май 8, 2013 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш