Иттилоияи Маркази ахбори прокуратураи шаҳри Душанбе
Маркази ахбори прокуратураи шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки дар асоси маълумотҳои фаврии аз мақомотҳои дахлдор дастрасшуда Прокуратураи шаҳри Душанбе оиди серзанагии Раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Зайд Шерович бо моддаи 170 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои серзанагӣ, яъне зиндагонӣ кардан бо якчанд зан муқаррар менамояд, рӯзи 11 майи соли 2013 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш намуда истодааст. Аз рӯи маълумотҳои мавҷуда Саидов З.Ш. дар як вақт бо чор зан зиндагонӣ менамояд, ки ин хилофи меъёрҳои умумибашарии тамаддунӣ мебошад.Саидов З.Ш. аз зани аввалааш – Тоҳирова Латофат, соли таваллудаш 1962, соҳиби 5 фарзанд; аз зани дуюмаш – Юнусова Фирӯза Муҳамадиевна, соли таваллудаш 1966, соҳиби 3 фарзанд; аз зани сеюмаш – Аминова Парвина, соли таваллудаш 1982, соҳиби 2 фарзанд буда, зани чорумаш – Орлова Марина Сергеевна, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Курски Федератсияи Россия мебошад.Маркази ахбори прокуратураи шаҳри Душанбе








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






