Иттилоияи расмии Хадамоти муҳоҷират
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар»).- Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати тамоми шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки бинобар надоштани равобит ва муносибатҳои дипломатӣ бо Абхазия шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми гузаштан аз сарҳади Абхазия ва ворид шудан ба қаламрави Федератсияи Русия бо мушкилот рӯ ба рӯ мегарданд. Ба таври мисол метавон аз муроҷиати шаҳрванд Саидхуҷа Абдукаримов, сокини ноҳияи Рашт ба Хадамоти муҳоҷират ёдовар шуд, ки писараш чанд моҳ аст, ки дар Абхазия мебошад. Ӯ наметавонад вориди қаламрави ФР шавад. Ҷиҳати мусоидат ва кӯмак расонидан ба писари Саидхуҷа Абдукаримов бо раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Сочи Фаррух Миров дар тамос шудем ва иброз доштанд, ки ба ӯ кӯмак расонида, мусоидати хешро дареғ нахоҳанд дошт. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем шаҳрвандони ҷумҳурӣ доир ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд ва дар сурати пайдо шудани мушкилот ба телефонҳои боварии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зананд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






