Кӯмакпулии якдафъаина ба иштирокчиёни ҶБВ
Душанбе, 6 май.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- Шаҳрдории Душанбе дар остонаи ҷашни Ғалаба -9 май ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ /ҶБВ/ ва дигар муҳорибаҳо кӯмакҳои якдафъаина мерасонад, ки маблағи умумии он 570 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ ба ҳар як иштирокчию маъюби ҶБВ –и солҳои 1941-1945-ум ба маблағи 700 сомонӣ кӯмакпулӣ дода мешавад. Ба муҳосирабудагони Ленинград, шахсоне, ки бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ сарфароз гардидаанд, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар Афғонистон, садамаи Чернобил, оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд ва ба ҳамсарони ҷанговарони дар ҶБВ ҳалокгардида, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, ба андозаи 500 сомонӣ кӯмак расонида мешавад. Мавриди зикр аст, ки 9 майи соли равон ба пирӯзии халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 68 сол пур мегардад.10.22.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






