Кӯмакпулии яквақта ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ
Душанбе, 8 май.(АМИТ «Ховар»). – Ба муносибати Иди Ғалаба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки тибқи он аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1411 (як ҳазору чорсаду ёздаҳ) нафар иштирокчию маъюби Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945, аз ҷумла 24 нафар ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида барои пардохти кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми 800 (ҳаштсад) сомонӣ ба ҳар як нафар 1128800 (як миллиону яксаду бисту ҳашт ҳазору ҳаштсад) сомонӣ ҷудо карда шуд.Мувофиқи супориши роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла роҳбарони як силсила вазорату идораҳо ва воҳидҳои сохтории алоҳидаи дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо роҳбарону масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ рӯзҳои 6 ва 7 майи соли равон кӯмакпулиҳои мазкурро ба собиқадорони ҷанг дастрас намуданд.Илова бар ин ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва эҳсонкорон тавсия дода шудааст, ки ба муносибати Иди Ғалаба ба собиқадорони ҷангу меҳнат дар доираи имконоти мавҷуда кӯмакҳои хайрияи моддӣ расонанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






