К. Мирзо: «Паём киштаест, ки самар меоварад»

Май 16, 2013 16:48

Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро намояндаҳои табақаҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистон чун раҳнамову барномаи пешбурди тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар қабул карда, кӯшиш менамоянд, ки дар фаъолияти худ аз нуктаҳои Паём истифода намоянд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Нависандаи халқии Тоҷикистон, сардабири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат » Кароматуллоҳи Мирзо дар бораи бардоштҳояш аз Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ пурсид, ки онро дар зер меорем.Кароматуллоҳи Мирзо: Паёми Презиленти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳар сол дар айёми баҳор, дар фасли гулшукуф ироа мешавад ва ин ҳам ба фикри ман рамзист, зеро баҳор вақти кишту кор аст ва албатта, ҳар кишта самар меоварад. Паём ҳам чун нақшаҳои оянда, пешомадҳо ва барномаи рушди мамлакат як киштаест, ки самаровар аст. Аз ҷумла, дар ҳамин Паём Ҷаноби Олӣ баъзе дигаргуниҳои дар мамлакат дар давраи аз Паём то Паём ба вуҷудомадаро зикр карданд, ки бисёр дилгармкунанда буд ва бовар дорам, ки Тоҷикистони азизи мо дар солҳои наздик ба як давлати пешрафта табдил меёбад. -Шумо ҳамчун як зиёӣ дар бораи дастовардҳои кишвар дар давраи аз Паём то Паём чӣ гуфта метавонед? — Қариб дар ҳама гӯшаю канори Тоҷикистон корҳои ободонӣ вусъат ёфтаанд. Сатҳи некӯаҳволии мардум боло рафт. Аммо агар мушахассан аз муҳташамоти барҷастатари ин давра бигӯем, Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи милливу чандин биноҳои баландошёнаи дигарро метавон ёдовар шуд, ки дар ин давра дар Душанбе ба истифода дода шуданд. Боз як падидаи муҳими дигар- ин ифтитоҳ ёфтани нақби Шаҳристон буд, ки ба василаи он Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шуд ва дар расми кушодашавии он мо адибон ҳам иштирок доштем. Боз дар ҳамин давра Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо дохил гардид, ки инро баъзе мамлакатҳо орзу мекунанд. Ба ҳамин монанд дар соҳаи иқтисод низ пешрафтҳо зиёданд ва баъзе далелу рақамҳои солҳои 2000-ум дар Паём бо омори соли 2013 муқоиса шуд, ки ба таври ғайри қобили қиёс боло рафтаанд. Ҷаноби Олӣ гуфтанд, ки дар оянда низ ҳамаи тадбирҳоро меандешанд то сатҳи иқтисоди кишвар ва зиндагии мардум аз ин ҳам беҳбуд ёбад. Дар Паём Ҷанои Олӣ ҳамчунин ба осудаҳолии мардум бештар таваққуф карданд. Маоши кормандони соҳаҳои буҷавӣ аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ боло меравад, ки ин ба боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум мусоидат мекунад. — Пеши аҳли зиёву умуман ҷомеаи Тоҷикистон Паёми Сарвари давлат чӣ вазифаҳои нав, чӣ нақшаҳои нав мегузорад? -Ҷаноби Олӣ ба покиза доштану ҳифзи забони модарӣ ва масоили дигари фарҳангӣ, аз ҷумла ба рушди китобдориву нашри китобҳо низ таваҷҷуҳ намуданд. Дар назди мо адибон вазифа меистад, ки барои амалӣ гардидани он нуктаҳое, ки Президент дар Паём зикр кард, ақаллан бо қалам саҳми худро гузорем, яъне ин нуктаҳоро байни мардум тарғибу ташвиқ намоем. Боз такрор мекунам, ки Паёми Президент ҳам киштаест дар баҳор, ки албатта, самар меоварад.

Май 16, 2013 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад