Конфронси ҷаҳонии ҳифзи муҳоҷират дар Душанбе
Душанбе, 22 май (АМИТ «Ховар» Зарангези Латиф).- Рўзи 28-уми майи соли 2013 дар Душанбе конфронси байналмилалӣ дар мавзўи «Таҷрибаи ҷаҳонии ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ» ба кори худ шуруъ менамояд. Ташкилкунандаи конфронси мазкур Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар назар аст, ки раиси Ассотсиатсияи байналмилалии фондҳои нафакавӣ ва иҷтимоӣ – А.В.Куртин, намояндаи Ташкилоти байналхалқии меҳнат, роҳбарони фондҳои нафақавӣ ва иҷтимоии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва соҳили Балтика, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як силсила вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар кори он иштирок кунанд. Бояд гуфт, ки конфронс 29 май ба кори худ анҷом мебахшад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






