Конфронси илмию амалӣ дар Қӯрғонтеппа

Май 6, 2013 15:24

Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Академияи таҳсилоти Тоҷикистон муштаракан бо Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва идораи маорифи вилояти Хатлон 7 май дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар мавзӯи «Хонаводаи солим – гарави саломатӣ ва тарбия» конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир менамояд. Тавре ки аз Академияи таҳсилоти Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷараёни конфронс силсилаи мавзуъҳои мавриди назар баррасӣ ва пешниҳодоти ҷолиб натиҷагирӣ хоҳанд шуд, ки ба татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нигаронида шудаанд. Доир ба ин мавзӯъ маърӯзаҳои сардори идораи маорифи вилояти Хатлон Х. Қурбонзода, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Маҳмадулло Лутфуллоев, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Файзулло Шарифзода, доктори илми педагогӣ, профессор Сафар Сулаймонӣ, доктори илми педагогӣ, профессор Қ. Абдураҳмонов дар назар аст. Баргузоии ҳамин гуна чорабинӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафурови вилояти Суғд низ ба нақша гирифта шудааст.

Май 6, 2013 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд