Конфронси МТБ оид ба назорати лоиҳаҳо дар кишвар
Душанбе,23 май. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Пагоҳ,24-уми майи соли равон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар Маркази тиҷорати байналмилалӣ (ЮНКТАД/СТҶ) оид ба кори яксолаи Кумитаи назорати лоиҳаҳо нишасти хабарӣ баргузор мешавад. Дар нишаст намояндагони ниҳодҳои ҳукуматӣ, бахши хусусӣ, иттиҳодияҳои тиҷоратӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард.Лоиҳаҳои Маркази тиҷорати байналмилалӣ ба огаҳии доираҳои тиҷоратии кишвар аз узвият дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ ва чолишҳову фоидаҳо аз он ва ёрӣ ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон бастагӣ доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






