«Корвони китоб» ба Суғд китоб овард
Душанбе,29 май .(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Имрӯз «Корвони китоб» ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд омад. Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар китобхонаи вилоятии Суғд ба номи Тошхуҷа Асирӣ маросими супоридани 14 — ҳазор адад китобҳои гуногун баргузор гардид.Ба гуфтаи директори китобхонаи мазкур Алиҷон Бобоев, китобҳое,ки ба маблағи беш аз 43 — ҳазор сомони харидорӣ шудаанд, иборат аз 56 номгуй буда,асосан ба забони тоҷикӣ чоп гардидаанд.Дар ин чорабинӣ намояндагони Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, маъмурияти вилоят,ҳамчунин шӯъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони ҶТ ширкат доштанд.Китобҳоро намояндагони Вазорати фарҳанг дар ҳошияи чорабинии «Корвони китоб» аз номи Хукумати ҶТ ба китобхона тақдим намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






