Корвони тандурустӣ
Кӯлоб, 8 май. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Вазорати тандурустии ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб машварати сайёри табибонро ташкил намуд, ки дар он беш аз 60 нафар мутахассисони баландихтисоси соҳа ташхиси сокинони минтақаи Кӯлобро ба таври ройгон анҷом доданд. Сокинон ин иқдоми Вазорати тандурустиро муфиду саривақтӣ арзёбӣ карданд, зеро ба гуфти онҳо бисёр бемориҳо дар як вақт ташхиси ду- се мутахассисро талаб мекунанд. Табибон дар баробари ташхис ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятиро доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






