Кўмаки мутахассиси эронӣ ба беморони тоҷик

Май 20, 2013 15:54

Душанбе,20 май. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Тӯли 2 рўз мешавад, ки дар «Бемористони Ибни Сино» эндоурологи маъруфи эронӣ Меҳробӣ Сосон дар бемороне, ки аз санги бадан шикоят доранд, амали сангшиканӣ аз тариқи пӯстӣ (PCNL)-ро муолиҷа намуда истодааст.Тавре ки дар ин бора аз «Бемористони Ибни Сино» хабар доданд, дар ин муддат аллакай шаҳрвандони зиёде барои қабул, муоина ва табобат ба ин мутахассиси варзида муроҷиат намуданд.Меҳробӣ Сосон аз мутахассисони варзида ва маъруфи иронӣ буда , собиқаи кории бисёрсола дорад, аз ҷумла зиёда аз 1000 амали сангшикании аз тариқи пӯстӣ (PCNL)-ро бо сифати баланд анҷом додааст. Ҳамчунин ҷарроҳиҳои боз ва амалҳои ҷарроҳии нуқсонҳои модарзодӣ дар маҷрои пешобро бо сифати баланд анҷом медиҳад ва мутахассиси беназир маҳсуб мешавад.Гуфта мешавад, ки қабули беморон аз ҷониби мутахассиси эронӣ дар бемористони мазкур то охири моҳ идома мекунад.

Май 20, 2013 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад