Мӯйсафеди 68-соларо «Шевролет»-аш пахш кард
Душанбе, 7 май.(АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов)-Сайминоҷиддин Абдулҳаеви 68- сола, сокини деҳаи Кулобаи ноҳияи Рашт, рӯзи 6-уми май зери чархи мошинаш монда, ҷон бохтааст. Бар пояи иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар Сайминоҷиддин Абдулҳаев мошини тамғаи «Нива-Шевролет»-ашро дар нишебии роҳ, дар мавзеи куҳсори Сари мазори деҳаи Кулоба гузошта, аз мошин фаромадааст, ки мошин худ аз худ ба ҳаракат даромадааст. Мӯйсафеди 68-сола хостааст, ки воситаи нақлиётро бо қувваи ҷисмонии худ манъ намояд, аммо дар натиҷа зери чархи пеши мошин монда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






