Маҳфили адабӣ бахшида ба Умари Хайём
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 28 май дар Маркази илму фарҳанги Русия воқеъ дар шаҳри Душанбе бахшида ба 965 – солагии зодрӯзи шоир ва олими қомусшиноси Шарқи бостонӣ Умари Хайём баргузор гардид. Дар ин бора аз Намояндагии Маркази илму фарҳанги Русия дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ин чорабинӣ якҷоя бо Маркази русии Хазинаи «Олами рус» — и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки декани факултаи забону адабиёти рус, профессор Меҳринисо Нағзибекова роҳбари он мебошад, сурат гирифт.Мувофиқи суханони манбаъ, барномаи маҳфилро донишҷӯёни русшинос таҳия намудаанд. Донишҷӯи соли аввал Нодира Ҳалимова дар мавзӯи «Умари Хайём олиму файласуфи барҷастаи замон» гузориш дод. Дар анҷоми маҳфили адабӣ донишҷӯён порчаҳоро аз рубоиёти Умари Хайём ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ қироат намуданд. Дар маҳфили адабӣ дониҷӯёни шӯъбаи назария ва амалияи тарҷумаи факултаи мазкур ширкат доштанд. Дар ин чорабинӣ ҳамчунин дотсенти Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Тула ба номи Л.Н.Толстой Елена Красилникова ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок дошт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






