Маҳфили шеъри шоири «Ирфони ҳино»
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Дар хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки дӯстдорони сухан ва аҳли адаб маҳфили шеъри шоири ҷавону муваффақи тоҷик Озар баргузор гардид. Маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси Иттифоқи нависандагон Камол Насрулло оғоз бахшида, баъдан Рустами Ваҳҳоб, Алимуҳаммади Муродӣ, Мубашшири Акбарзод ва Гулназар Келдӣ атрофи вижагиҳои ҳунари шоирии Озар андешаҳои худро иброз доштанд. Зикр гарид, ки Озар аз ҷумлаи шоирони ҷавонест, ки ашъораш аз ҷониби шоирону мунаққидони кишвар баҳои баланд гирифта, то имрӯз аз ӯ китобҳои «Ирфони ҳино» ва «Гуфтугӯи нахлу моҳ» мунташир шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






