Маҳсулоти ширӣ арзон мешавад
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Тавре ки аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, тайи 4 моҳи соли равон дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳрҳои Кӯлобу Ваҳдат ва ноҳияҳои Хуросону Ҳисор панҷ корхонаи нави хурди истеҳсоли маҳсулоти ширӣ бунёд гардид.Мувофиқи суханони манбаъ, ташкили иқтидорҳои нави истеҳсолӣ имкон медиҳад, ки талаботи аҳолии шаҳру ноҳияҳои зикршуда бо маҳсулоти ширӣ, ки бо нархи арзон фурӯхта мешаванд, пурра таъмин гардад. Қобили зикр аст, ки алҳол корхонаҳои ин соҳаи кишвар ҳар шабонарӯз беш аз 130 тонна маҳсулоти ширӣ истеҳсол менамоянд. Корхонаҳои соҳаи мазкур тайи чор моҳи соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 11 миллиону 500 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки назар ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта баробари 23,2 фоиз зиёданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






