Машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия
Душанбе, 6 май (АМИТ «Ховар»).- 3 майи соли 2013 дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аввалин машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия баргузор гардиданд. Машваратҳоро аз ҷониби Тоҷикистон муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов ва аз ҷониби Туркия муовини вазири корҳои хориҷӣ Фатиҳ Ҷейлан ҳамраисӣ намуданд. Зимни машваратҳо, ки дар фазои созанда баргузор гардиданд, ҷонибҳо аз ҳолати кунунии муносибатҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, роҳҳои таъмини рушди бемайлони ҳамкориҳои судмандро ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба мавриди муҳокима қарор доданд. Мусоҳибон инчунин масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вазъият дар Афғонистонро баррасӣ карданд. Дар анҷоми машваратҳои сиёсӣ ҳайати туркиро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ қабул намуд. Зимни суҳбат тарафҳо ба аввалин машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия баҳои баланд дода, зарурати истифодаи машваратҳоро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба таъкид сохтанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






