Масъулияти судяҳо баланд бардошта шуд

Май 22, 2013 15:13

Душанбе, 22 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйирот ворид намуд.   «Ҳадафи тағйирот ба лоиҳаи қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» фароҳам овардани шароит барои пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани масъулияти судяҳо дар иҷрои вазифаҳои хизматияшон мебошад», гуфт зимни тавзеҳи лоиҳаи қонуни конститутсионӣ Шерхон Салимзода –Прокурори генералии ҷумҳурӣ дар назди вакилони Парлумони мамлакат. Мавсуф зикр кард, ки ба моддаи 9-и лоиҳаи қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Тибқи он парвандаҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ нисбат ба судяҳо танҳо аз ҷониби Прокурори генералӣ оғоз шуда, ин парвандаҳо танҳо аз тарафи Суди Олӣ баррасӣ мешаванд. Ба ҳамин монанд татбиқи чораҳои пешгирӣ дар намуди ҳабси пешакӣ ва ҳабси хонагӣ, гузаронидани дигар амалҳои тафтишотӣ нисбат ба судя, ки ҳуқуқу озодиҳои онро халалдор месозад, бо розигии Прокурори генералӣ ва иҷозати Суди Олӣ сурат мегирад. Инчунин қисмҳои 8-9-10 ва 11 аз моддаи 9-и қонуни мазкур хориҷ мешавад. Ин ба талаботи Конститутсия низ, ки ба судяҳо ҳуқуқи дахлнопазирӣ додааст, мутобиқат мекунад. Яъне дахлнопазирии судяҳо аз қонун пурра бардошта намешавад, афзуд Прокурори генералии ҷумҳурӣ. Ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси масъулияти судяҳо ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ва роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо аз тарафи онҳо масъалаи ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани онҳо низ ба талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ мувофиқ кунонида мешавад. Аз ин рӯ қисмҳои 2 ва 3-и моддаи 119, ки асосҳои ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани судяҳоро танзим мекунад, хориҷ карда мешавад. Қаблан дар ин модда гуфта мешуд, ки судяҳо барои бекор кардани ҳукм, ҳалнома ва дигар санадҳои судӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида намешаванд, яъне масъулият надорад, ин аз байн бардошта мешавад, ки он масъулияти судяҳоро баланд мебардорад. Шерхон Салимзода зикр кард, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо назардошти пешрафти ҷомеа саривақтӣ ва зарурӣ аст. Он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, барои баррасӣ ба палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ироа гардидааст.

Май 22, 2013 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд