Моҳияти Паём — боло бурдани некӯаҳволии мардум

Май 8, 2013 14:25

Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Бо мақсади ба мардум фаҳмонидани моҳияти Паёми солонаи Президенти кишвар ба Парлумони мамлакат ва бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори мактаби миёнаи тахсилоти умумии №11 вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборова бо аҳли сокинони маҳаллаҳои Сурхобу Заҳматобод ва ҷомеаи меҳнатии мактаби мазкур баргузор гардид. Бино ба иттилои ҲХДТ дар мулоқот аз ҷониби масъулин зикр шуд, ки сиёсати давлат дар марҳилаи нав ба он равона мешавад, ки тавассути фаъолияти самараноки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин гардад.Ба иттилои сомонаи расмии ҳизб гузаронидани ин гуна мулоқотҳо дар маҳалҳои дигари ноҳия низ ба нақша гирифта шудааст.

Май 8, 2013 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад