Муҳаммадаюб- беҳтарин ҳофизи Куръони карим

Май 13, 2013 14:33

Душанбе, 13 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Муҳаммадаюби Абдураҳими 14 сола, ки толибилми синфи 6-и мактаби таҳсилоти умумии № 4-и ноҳияи Ашт аст, дар озмуни ҷумҳуриявии «Ҳифз ва қироати Қуръони карим» дар риштаи ҳифзи кулли Қуръон ба зикри оят, сура ва саҳифа ғолиби зинаи аввал дониста шуда, соҳиби 1000 $ гардид. Дар ҳамин ришта Лутфулло Холиқов /Фархор/ ва Саидмеъроҷиддин Алиев /Ҳисор/ ҷойҳои дуюм ва сеюмро касб карда, бо 800 ва 700 $ сарфароз гардонида шуданд. Дар риштаи дуввум ҳифзи кулли Қуръон бо тафсири се пора 28-29 ва 30 Абдулботин Шарифов /Ҳисор/ зинаи аввалро соҳиб гардида, бо 800 $ сарфароз гашта, зинаи дуюми ин ришта бо 600 $ насиби Комрони Шариф /Кӯлоб/ гардида, Абдурауфи Абдулмуъмин /Сарбанд/ зинаи сеюми риштаро касб кард ва 500 $ мукофот гирифт.  Дар маҷмуъ, ба тамоми ғолибони риштаҳои озмуни ҷумҳуриявӣ ба маблағи 8 000 $, ки аз ҷониби «Ҳайати оламии ҳифз ва қироати Қуръони карим» ҷудо шудааст, тақдим гардид. Мавриди зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Ҳифз ва қироати Қуръони карим» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам –Абуҳанифа бо дастгирии сомонаи «Нун аз барои Қуръон ва илмҳояш» ва «Ҳайати оламии ҳифз ва қироати карим» рӯзҳои 10-11 май дар Душанбе дар панҷ ришта доир гардид. Дар озмун наврасону ҷавонони то синни 25 аз минтақаҳои гуногуни кишвар ширкат варзида, ба тамоми иштирокдорон ва доварони озмун аз ҷониби Кумитаи тадорукоти озмун ифтихорномаҳо супорида шуданд.

Май 13, 2013 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!