Муҳимтарин ахбори ҷаҳон
Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар»).-Доминик Венер, нависандаи маъруфи фаронсавӣ чун нишони эътироз ба никоҳи ҳамҷинсгароён дар кишвар дар Калисои ҷомеи модархудои Париж даст ба худкушӣ зад. — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мақомоти Ҷумҳурии исломии Эронро барои иҷозаи ширкат надодан ба ду довталаби аслии интихоботи садри кишвар интиқод кард. — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — Мақомоти қудратии Ҷумҳурии Беларус гуфтааст, ки собиқ Президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ба ватанаш истирдод намешавад, зеро ӯ шаҳрванди Беларус аст ва мутобиқи қонунгузорияш ин кишвар шаҳрвандонашро ба давлатҳои дигар намедиҳад. — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — — Ширкати Apple 185 миллиард доллар баҳогузорӣ шуда, ба унвони молики гаронтарин номи тиҷорӣ (бренд) дар дунё эътироф шуд. Ширкати интернетии Google мақоми дуюмро дар ин раддабанӣ касб кардааст.- — — — — — — — — — — — — — — — — — — — -Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар суханронии худ дар нишасти Шӯрои сармоягузорони хориҷӣ пешниҳод кардааст, ки бархе аз донишгоҳҳои давлатии кишвараш ба дасти ширкатҳои милливу хориҷӣ дода шавад. Тарҷумаи Баҳманёр Муродов








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






